Умрест, ки аз доғи ту ҳастам ба таби тез,
Умрест, ки аз доғи ту ҳастам ба таби тез,
К-оташ шавад аз шуълаи оҳам арақомез.
Маҳтоби рухат шаб ба фалак дод мисоле,
Ҳар шаб кунад ойина зи анвори ту лабрез.
Дар ҷавҳари некон асари зулму зарар нест,
Аз шуълаи ёқут нахезад шарари тез.
Зарроти ду олам асари ҷилвагарӣ ҳаст,
Эй дидаи ғафлатзада, бо ёди назар хез.
Мурдему ба тамҳиди муроде нарасидем,
Ин бахти сияҳ кард зи хешам гилаомез.
Бар сурати худ ҳам назаре ҳаст зарурат,
Гар айби ту изҳор шавад з-ойина, мастез.
Сомони гудозам натавон кард, ки чун шамъ
Дар оташи дил доғаму аз мағз шарарбез.
Бар табъи ту гар шеваи одоб писанд аст,
Ҳарчанд фурӯтар бувадат, беш бипарҳез.
Ҳоҷӣ зи дили хаста ба ҷуз оҳ надорад,
Аз чоки ҷигар нолаву сози дигар ангез.