Кардаанд аз улфати дунё дилам андешанок,
Кардаанд аз улфати дунё дилам андешанок,
Кош буд ойинаам аз гарди ин тимсол пок.
Ибрате дар вазъи гулзори ҷаҳон гул кардааст
З-интихоби ранги зарду ҷомаҳои пешчок.
Абри раҳмат гар барои афв тӯфон мекунад,
Домани олударо аз зулмати исён чи бок?
Олами ҳастӣ барои хештан гум кардан аст,
Бар абас бошад таманнои халосӣ з-ин мағок.
Субҳ ҳамчун ман аз ин водӣ ба нокомӣ гузашт,
Як дами оҳе кашиду ҷайби ҳастӣ кард чок.
Суҳбати арбоби дунё нотавононро балост,
Синаи парвин зи меҳри чарх дорад иштибок.
Хубси ботинро салоҳи зоҳирӣ набвад илоҷ,
Хирсро пашминапӯшӣ кай кунад ихлоснок?
Аз барои камтарин айше, ки акси муддаост,
Обрӯйи хешро то чанд мерезӣ ба хок.
Гавҳари дил дар тилисми обу гил гум гаштааст,
Дида гар равшан шавад, ойина аст аз занг пок.
Ҳар кас ин ҷо, Ҳоҷӣ, аз коре баландовоза аст,
Шуҳрати моро баландӣ дод оҳи дарднок.