Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Биё, ки гулшани умр аст дашти офатхез,

Биё, ки гулшани умр аст дашти офатхез, Самуми ҳодиса дорад зи ҳар тараф маҳмез. Мабош ғарраи ин рӯзгори севу панҷ, Ки ҳаст манзили ҳирмону маҳфили парҳез. Махӯр фиреби ҷамолу мабин ба ҷоҳу ҷалол, Ки ҳаст ин ҳама моле, ки медиҳад ба ситез. Мабин ба холу хати дилбарони ин бозор, Мағеҷ дар пайи ин лӯлиёни шӯрангез. Зи зоди паҳлуи худ сарфаи наҳорӣ кун, Ба доғи ташналабӣ ашки субҳгоҳӣ рез. Чу суд аз он ки хӯриву дареғ аз он ки барӣ, Чу ҳаст рӯзи шумору ҳисоби растохез. Ба пеши боби ту, шоҳо, гадо чӣ меёрад? Магар ки лутфи ту гирад барои дастовез. Агар ба лутф нахонӣ, зи даргаҳат ронӣ, Куҷост боби умеду кадом роҳи гурез? Кунун ки, Ҳоҷӣ, шудӣ пир, ба дари ӯ мир, Ки нест мартабае бар ғуломи хоҷагурез.