Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Мебарад ҳуш аз сарам он чеҳраи равшан ҳанӯз,

Мебарад ҳуш аз сарам он чеҳраи равшан ҳанӯз, Чун пари парвона доғам пеши он гулхан ҳанӯз. Ошиқон аз ҳасрати дидори ӯ худ мурдаанд, Он ситамгар нест сер аз шеваи куштан ҳанӯз. Дар кафи хокам ҳамон хосияти рангу вафост, Лола мерӯяд бурун аз устухони ман ҳанӯз. Ҳар қадар з-ин мотамистон халқ барҳам мехурад, Нест табъе мунфаил аз ваҳшати мурдан ҳанӯз. То куҷо беимтиёзӣ дар ҷаҳон гирад ривоҷ, Ришро фарқе набошад пеши марду зан ҳанӯз. Худфурӯшӣ пеши он наргис магар бодом кард, Мезанад бар айнаки ӯ наштари сӯзан ҳанӯз. Хома то як дам саводи синаам таҳрир кард, Мехурад хуни сияҳ ҳангоми бинвиштан ҳанӯз. Ҳоҷӣ, моро захмҳо бар рӯйи дил носур монд, Хотири ӯро набошад тарки озурдан ҳанӯз.