Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Биё, ки бе ту дили зор гаштааст ранҷур,

Биё, ки бе ту дили зор гаштааст ранҷур, Зи мижжа гар фиканам ашк, мечакад носур. Магир айби касон, то ба худ наяндешӣ, Гувоҳи туҳмати беҳад, адовати мавфур. Агар он оташи дил шуълае барангезад, Сипанди миҷмари ӯ мешавад шарораи Тур. Адам ғубори маро то ба аҷзи худ бинад, Фиканда тарҳи иқомат ба ҷилвагоҳи зуҳур. Ба тоби нолаву дил пур зи хор мегардам, Ҳам ин ҳикояти ман пурс аз лаби самтур. Работи манзили шашдар фароғатам кам дошт, Ки роҳ боз намуданд ба хонақоҳи қубур. Агар чу маҳ ба ҷаҳон ҳар даме ҷавон гардӣ, Ба ғайри пайкари хам нест ҷилваат манзур. Ҳало, ки хӯи мулоим дучори офат нест, Ба соя ҳукм надорад сиёсати сотур. Чаро нагиряму бар худ маломате накунам, Ки умр мераваду каф тиҳӣ, дили маъзур. Замона, Ҳоҷӣ, чу ман низ мубталое ҳаст, Мабод гила аз ин бесуботи номақдур.