Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Як нафас аст зиндагӣ, заҳмати ину он мабар,

Як нафас аст зиндагӣ, заҳмати ину он мабар, Мижа фароз то кунӣ, меравӣ олами дигар. Ёди баҳори тифлагӣ дам ба дамам фузуд ғам, Лола зи доғи ғунчагӣ карда кулоҳи хун ба сар. З-офати қилу қол чанд ҷавҳари дил сияҳ кунам, Ойинаро нафас кунад тира зи занг дар назар. Охири шаб қиём кун, файзи саодат офарин, Маҳ зи маҳоқ аз ин сафар рафт ба олами қамар. Хотири беғубори ман мазҳари инфиол шуд, Бар сари ҳар кӣ ғам расид, аз дили ман кашид сар. Буд ҳазор имтиҳон, зери лабам хамӯш монд: Баҳр намекунад бурун аз кафи хештан гуҳар. Зевари дасти марду зан беҳтар аз ин ду чиз нест, Аз яки он нисори зар, бар дигаре сувори зар. Дафтари рози синаам ҳамчу китоби субҳидам, Воқиаи тавол дошт, қисса намуд мухтасар. Ҷавҳари дил фусурда шуд, то ба ҳузур ворасид, Шиша ба машқи имтиҳон суда намуд шишагар. Ҳоҷӣ, ба кӯйи дӯстон аҷзи ниёзи мо расон, Киштии мо шикаста шуд, боди мурод беасар.