Надошт тоқати сабре дигар дили маҳҷур,
Надошт тоқати сабре дигар дили маҳҷур,
Ба нола сарфи нафас мекунад кунун маъзур.
Чу нақши по ба замин маҳви ҳайрат афтодам,
Зи боли маҳмили Лайливу корвонам дур.
Басоти маҳфили имкон чи танг афтода-ст,
Фиканда тарҳи иқомат ба дастгоҳи мурур.
Ҳало, ки маҷмаи ёрон мазарратангез аст,
Ба ғайри неш наҷӯшад зи хонаи занбӯр.
Ғубори олами мо ҳам қиёмате дорад,
Барои фурсати ӯ мекашад дамидани сур.
Кунун ки ҳиммати ошиқ маҳвандеш аст,
Кӣ мекашад зи сари дор наъраи Мансур?
Дар ин аламкада ҳуше гумору ибрат гир:
Танини косаи чинист бар сари фағфур.
Ғуборро ба ҳаво тохтан парешонист,
Зи ҷоҳ сифла бияфтад ба домгоҳи ғурур.
Ба оҳи нимашабӣ дафъи захми савдо кун,
Ки медамад зи дами субҳ марҳами кофур.
Биёву Ҳоҷӣ, ҳаме саъйи хоксорӣ кун,
Ки ғайр аз ин набувад шевае дигар манзур.