Сабре намонд (зи) ғафлати он чашми хобгир,
Сабре намонд (зи) ғафлати он чашми хобгир,
Эй дил, биёву рухсати моро ҷавоб гир.
Ин маслаҳат чи гунаву ин тунд хӯ чаро?
Алтоф кун рақибу маро дар итоб гир.
Мо ҳам ғубори барзани Мисри муҳаббатем,
Дар партави иноятат, эй офтобгир.
Ё Раб, ҷаноби ҳуснро ин хӯ писанди чист?
З-аҳли ниёз шаммае рух дар ҳиҷоб гир.
То имтиёзи рӯи ту бар меҳру маҳ кунанд,
Андар гирифти ҳар яке аз рух ниқоб гир.
Аз суҳбате, ки гуфтугӯ асрори мардум аст,
Бе ҳукми эҳтиёт яке иҷтиноб гир.
Чун бе насиби роҳати дидор мурдаем,
З-ихлоси бахши фотиҳа боре савоб гир.
Баҳри Худо, ки ҳастии мо дар лиқои туст,
Як дам хабар зи ҳолати ин дилкабоб гир.
Тарсам зи дарди беҳаду в-ин қалби бесабур,
Кардам яке ба ҷониби рӯят, хитоб гир.
З-ин пас илоҷи кори худ, ё Раб, чӣ сон кунам?
Саҳви шабоб рафтаву пирӣ шитобгир.
Ҳоҷӣ, ба саъйи норасо то чанд бастаӣ,
Рӯзи тавофи Каъбаи ӯ фатҳи боб гир.