Бе сиришки дидаи тар нест тоат эътибор,
Бе сиришки дидаи тар нест тоат эътибор,
То нагиряд абри найсон, тоза набвад лолазор.
Пеши мардум з-эътибори худ хиҷолатмояам,
Гарчи хислат кардаме ташҳири худро ихтиёр.
Ҳеч кас ин ҷо надорад рутбаи худро қабул,
Фикри сабқат мекунад бар аспи тозӣ харсавор.
Илтифоти шахси золим нест бе тамҳиди зулм,
Печу хам нақши муҳаббат нест дар тасвири мор.
Сурати ранҷури моро тарзи истиғно надид,
Гарчи дар роҳаш зи оби дида кардам ҷӯйбор.
Бо таҳаммулпеша аз саъйи ғазаб таъсир нест,
Сангро беҷо насозад оташи тези шарор.
То ба кай андар газанди халқ дорӣ арзи ноз,
Ҳиммат он аст ҳамчу гул бар худ писандӣ ранҷи хор.
Шахси нодонро хитоби дӯстӣ додан хатост,
То диҳад арзи таманно, хиҷлат орад ошкор.
Чун насозад фикри имрӯзу паре, шармандаам,
Қомати хамгаштае дорам, надорад ҳеч бор.
Ҳоҷӣ, моро роҳати дунё чу марг афсурда кард,
Сустие дорад саҳаргаҳ хоб ҳангоми баҳор.