Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Як сӯ фитад зи орази гармаш ниқоб гар,

Як сӯ фитад зи орази гармаш ниқоб гар, Хуршед об мешавад, набвад саҳоб гар. Аз боди васлу лаззати дидор қонеам, Гоҳе шавад назорати рӯяш ба хоб гар. Ҷирми қамар чу қатраи хур бе калаф шавад, Бинад сафои чеҳраи он офтоб гар. Ҷавҳар дар об мешавад қуллоби моҳиён, Аз тоби зулф афканад аксе дар об гар. Дар пардаҳои зеру бам хомӯшӣ мешавад, Гӯш афканад ба нолаи зорам рубоб гар. Рози даруни синаи мо ҳал намешавад, Сад фасл боб созаму чандин китоб гар. Бояд кашем хиҷлати изҳори муддао, Ҳарчанд нагашт даъвати мо мустаҷоб гар. Гирад сафои ҷавҳари зотӣ ғубори мо, Бинад чу шиша он рухи олиҷаноб гар. Ҳоҷӣ, тамоми ҳосили дунё надомат аст, Гирад шумори ҳар яке рӯзи ҳисоб гар.