То куҷо, ё Раб, тақозои сафар дорад баҳор,
То куҷо, ё Раб, тақозои сафар дорад баҳор,
Ҳамчу барқ аз тез рафтан як назар дорад баҳор.
Рангҳо з-авроқ бурду бӯйро бар бод дод,
Нусхаи аҷзои худро мухтасар дорад баҳор.
Ғунча лаб дарҳам газиду гул зи ҳайрат ханда кард,
К-аз чи савдо ин қадарҳо зебу фар дорад баҳор.
Имтиёзи халқ андар чеҳраи бикшода аст,
В-арна ҳамчу дай ҳамон шому саҳар дорад баҳор.
Зиндагонӣ гӯ, вагарна ҷумлаи асбоби айш
Ҳар сари соле муҳайё бештар дорад баҳор.
Аз гиребончокии гул то навои андалеб,
Равшан аст ин рамз, доғе бар ҷигар дорад баҳор.
Рухсати назора доғи ишқбозон тоза кард,
Бар димоғи шахси Маҷнун пур зарар дорад баҳор.
Роҳати дунё ба ташвиши дигар олуда аст,
Гарчи дорад савти булбул, бонги хар дорад баҳор.
Бар каримон шеваи инъоми ом афтодааст,
Неку бадро ҳар саҳаргаҳ гул ба сар дорад баҳор.
Аз синони ғунчаву шамшер хунолуд гул,
Ҳоҷӣ, захми синаи мо нештар дорад баҳор.