Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Агар зи доғи дили дардманд кунам таҳрир,

Агар зи доғи дили дардманд кунам таҳрир, Даҳони хома пурахгар шавад чу оташгир. Чу субҳ дида кушодам ба синаи софе, Ба ранги зард гузаштем ҳамчу моҳи мунир. Гузашт умру надидем роҳате асло, Магар ба хок расад беқарори мо чун тир. Зи ҷинси илму амал ҷумларо қазо кардам, Ҳар он чи ҷурму гунаҳ буд, накардамаш тақсир. Зи хеш то гузарам, саъй норасоӣ кард, Рикоби нола гирифтам чу шевани занҷир. Дар ин адабкада ҳаргиз ба хештан мағрур, Қусур пеша куну ибрате зи шайтон гир. Абас ба ҳастии «ман», эй азиз, ранҷа машав, Биёву қисмати «мо» гир аз кафи тақдир. Зи табъи тифли мизоҷам чу домани модар, Набурд талхии хунхорагӣ макидани шир. Асо хиҷил бувад аз фикри кори имдодам, Надошт ҳарак(а)те узвам чу пайкари тасвир. Агарчи духтари дунё чу соя тасхир аст, Канори кас накунад гарм чун аҷузаи пир. Ба хеш гиря намо, Ҳоҷӣ, ҳикмату ашъор Ба кори кас накушояд ба донае зи шаир.