Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Мекушоям дар раҳаш аз дидаи бедор дар,

Мекушоям дар раҳаш аз дидаи бедор дар, То занад гоҳе магар он тифли гулрухсор сар. Лутфи ҳар шай шевае дархӯрди истеъдоди ӯст, Аз лабон зебад такаллум, аз сари минқор қар. Камнамоӣ чун ҳилоли ид поси иззат аст, Қадр хоҳӣ бишканӣ чун маҳ, маҳат ҳар бор бар. Дил кунӣ гар зинда, аз шаҳди хамӯшӣ баҳра гир, Ҳарза то кай риш созӣ аз туфи гуфтор тар. Аз насиҳат бетамизонро намеояд салоҳ, Аз самоъи хайр дорад ҳамчу шар инкор кар. Сурати аъмол бе ислоҳи дил камбаҳра аст, Ҳосили кишт аст афзун, шуд замин шудгор гар. Кай шиносад лаззати қандат рақиби талхком, Найшакарро тӯтиён донад, мазоқи хор хар. Ҷифаи дунё барои аҳли худ омодааст, Мекашад каргас барои лоша аз кӯҳсор сар. Киса холӣ гар бувад, ғайри хиҷолат боз нест, Ҷуз фулусе муфлисонро нест дар бозор зар. Рутбаи ҳар кас ба қадри дастгоҳи ҳиммат аст, Ҳоҷиро манзил ҳарам бошад ба кунҷи ғор ғар.