Ба кӯйи ёр навиштам дами саҳар коғаз,
Ба кӯйи ёр навиштам дами саҳар коғаз,
Чу шамъ гиря намудам, ки гашт тар коғаз.
Магар зи дуди дили доғ кардаанд мидод,
Ки хома аз асари ҳарф медиҳад шарар коғаз.
Зи оби ҷавҳари теғ он нигор хат бинвишт,
Ки дошт мавҷи тапиш пеши номабар коғаз.
Дар ин баҳор ҳама дар ниқоби тақлиданд,
Гуле зи гулшани таҳқиқ нест бар коғаз.
Машав зи кинаи бемағз мардумон ғофил,
Чу теғ ҳукми сиёсат барад ба сар коғаз.
Қалам ба дасти мани зор гирятаҳрир аст,
Зи мижжа хун фиканад, то кунад назар коғаз.
Ба саъйи баҳру бар овора гаштаам, Ҳоҷӣ,
Магар барад ба ҳаримаш зи ман коғаз.