Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Тавсифи хатат то шуда дар гулшани коғаз,

Тавсифи хатат то шуда дар гулшани коғаз, Чун нофа дамад мушк зи во кардани коғаз. Шояд ки паёми ту бари мо бирасонад, Маҳкам бигирифтем чу хат домани коғаз. З-аҳволи дили доғ чи таҳрир тавонам, Сӯзад шарари хомаи ман хирмани коғаз. Чун ғунча қабо чок зад он пайкари нозук, Тарсам шавад озурда зи пироҳани коғаз. Гардидани рӯзу шабам овард ба сар умр, Дафтар шавад охир зи шуморидани коғаз. Бо содадилон накбати айём набошад, Ҳаргиз надамад мӯйи сияҳ бар тани коғаз. Бо хуни ҷигар нома бари ёр навиштам, По обила шуд номабар аз бурдани коғаз. Гар пайкари ӯ шӯхии изҳор намояд, Ҷавҳар шавад аз ҳайрати ӯ равғани коғаз. Дидан мадад аз шахси дурӯ амри муҳол аст, Натвон сипари теғ шудан ҷавшани коғаз. Ҳоҷӣ, чу қалам чанд ба ҳарфи дигарон умр Кӯтаҳ кунӣ аз машқи сияҳ кардани коғаз.