Он маҳ чи ҷафо кард, намекард, накӯ буд,
Он маҳ чи ҷафо кард, намекард, накӯ буд,
Ӯ тарки вафо кард, намекард, накӯ буд.
Пайванди муҳаббат, ҳама асбоби маишат
Бо аҳли дағо кард, намекард, накӯ буд.
Чун қоидаи чархи ситамгор ба сӯям
Сад ҳодисаҳо кард, намекард, накӯ буд.
То кушта шавад мурғи дилам, гашт асираш,
Нокушта раҳо кард, намекард, накӯ буд.
Чун дидаи оҳу зи тамошои саводам
Рам кард, чаро кард? Намекард, накӯ буд.
Ҳоҷӣ ба ғаму дарди ту буд аз ҳама фориғ,
Дардаш кӣ даво кард? Намекард, накӯ буд.