Эй, дил ба хами силсилаи зулфи ту дар банд,
Эй, дил ба хами силсилаи зулфи ту дар банд,
Бисёр аз ин банд ба ин дилшуда мапсанд.
Ҷуз расми ҷафо бар сари мо ҳеч наёвард,
Ойини вафо пеша намудем ба ҳарчанд.
Раҳ бар дили сангин натавон кард ба тадбир,
Фарҳод дили кӯҳ чи миқдор фурӯ канд?
Хосияти гуфтор зи кирдор наёяд,
Ширин нашавад коми кас аз гуфтани ё қанд.
Донӣ, ки туро як даҳану гӯш ду аз чист?
Яъне, ки ду чандон шунаву гӯй ту як чанд.
Ҷуз мазҳаби худ якҷиҳатон ҳеч нафаҳманд,
З-алфози «Муҷастӣ»-ву зи Занду хати Позанд.
Афсӯс, ки додем зи каф умри гиромӣ,
Дар зан-зани зан, зиндагии бе фари фарзанд.
Чун шамъ нам аз чашми вафое начакидем,
Чун субҳ даме низ накардем шакарханд.
Як ҷав нахарӣ, Ҳоҷӣ, аз ин хирмани хархез,
Хархир агар гириву Хартуму Наҳованд.