Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Ғуборам, то зи гарди домани дилдор гулчин шуд,

Ғуборам, то зи гарди домани дилдор гулчин шуд, Гулистон шуд, чаман шуд, сабз шуд, товуси рангин шуд. Ба сайри бӯстон он сарви раъно чун хиром овард, Навои хайра мақдам булбулонро лаҳни талқин шуд. Ба он турки ситамхӯ хостам то рози дил гӯям, Забон аз бими ҷон дар арзаи аҳвол сангин шуд. Ба ноаслон ривоҷи мулкро додан ситам бошад: Пиёда роҳи шаҳ гирад, ба ҳангоме ки фарзин шуд. Зи дасти худнамоӣ оқибат бар худ зиён кардам: Фурӯғи шамъ, чандоне, ки боло рафт, поин шуд. Ба мурдан ҳам ғуборам низ дорад сози нолидан, Аҷалро дастрас набвад ба кирдоре, ки ойин шуд. Қазо бар ҷабҳаи иқболи мо, Ҳоҷӣ, чи бинвишта? Ғаму ҳиҷрон насибам соату рӯзи нахустин шуд.