Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Аз рақибон моҳи ҳуснаш қобили таҳсин нашуд,

Аз рақибон моҳи ҳуснаш қобили таҳсин нашуд, Дар дами дай ҳеч гулзоре баҳороин нашуд. Бо алоиқ хӯ гирифтан ҷуз сияҳкорӣ надошт, Зангро з-ойина то наздуд, оламбин нашуд. Ханҷари қотил зи истиғно ба хун олуда гашт, Аз хиҷолат ранг зад хунам, ки ӯ рангин нашуд. Маҳмили ман дар биёбоне, ки раҳ сар кардааст, Чун садо ҳамсанг он ҷо қобили таскин нашуд. Мо талоши ҷонканиро зиндагӣ фаҳмидаем, Чун шарар бар ҷилваи мо ҷуз адам болин нашуд. Раҳнаварди умрро, Ҳоҷӣ, чӣ матлаб моя аст? К-аз тапиш н-осуда рафту соҳиби тамкин нашуд.