Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Бар сари мо сояи чархи ғамин бинҳодаанд,

Бар сари мо сояи чархи ғамин бинҳодаанд, Рӯзгори тирае бар мо аз ин бинҳодаанд. Пайкари ҳастии мо таркиби аздод асту бас, Боду хоку обу оташро қарин бинҳодаанд. Аҳли дунё аз фалак ҳаргиз надорад ибрате, К-аз фулуси муҳр доғаш бар ҷабин бинҳодаанд. Ёр таъвизе барои мо ба ин мазмун навишт, К-эй, туро бар кардаҳои худ раҳин бинҳодаанд. Ҳамчу Юсуф чун кунам бар меҳри ихвон эътибор, Бе падар ӯро ба чоҳи саҳмгин бинҳодаанд. Духтари дунё ба тифли худ аҷоиб модар аст, Нармрӯ, аммо ба ботин хашмгин бинҳодаанд. Осмонро бурҷи хокӣ он замон пайдо набуд, Бо падар моро ба саҳрои замин бинҳодаанд. Ҷуз надомат ғунчае аз боғи ҳастӣ сар назад, Дидаи гулро пур аз шабнам аз ин бинҳодаанд. Илмҳо, Ҳоҷӣ, маро асбоби ҳушёрӣ нашуд, Ғафлате дорам, гаронтар аз замин бинҳодаанд.