Соқӣ, биёр бода, ки шоми шубоб шуд,
Соқӣ, биёр бода, ки шоми шубоб шуд,
Мутриб намой нола, ки пирӣ шитоб шуд.
Ҷаври замона то каю ёрон ҳасуд чанд,
Маҳшар карона то куҷо, олам хароб шуд.
Доғи диле, ки доштам, ногаҳ шуд, оҳ, рафт,
Зад бар фалак шарораву гашт офтоб, шуд.
Аз ёр нест кинаву пастӣ зи бахти мост:
Ӯ дошт лутф кардани бар ман, итоб шуд.
Ҳоҷӣ, куҷост фурсати як дам фароғате:
Киштӣ шикасту тахтаи мо дар сароб шуд.