Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Биҳамдуллаҳ, ки он дилдор, гарчи рафт, зуд омад,

Биҳамдуллаҳ, ки он дилдор, гарчи рафт, зуд омад, Ба таъзимаш қиёме хостам созам, суҷуд омад. Чу рафт аз пеши чашмам, он чи будам, рафт аз олам, Чу он нозофарин омад, ба олам ҳар чи буд, омад. Чаро гирён набошам аз видои ёр, эй носеҳ, Ки чун ҷон меравад, ҳангомаи ҳасрат намуд омад. Барои пурсишам дилдор кай омад, надонистам, Магар чашмам дар он соат зи бедорӣ ғунуд, омад. Чи имшаб лутфҳо дорад бути гулгунқабои ман, Қабо аз тан кашиду банди пироҳан кушуд, омад. Кадомин соате сар зад маро кирдори ношукрӣ, Ки бар хотир маро аз ҷинси кулфат ҳар чи буд, омад. Барояш доштам ҷоне, наёмад дар ҳаёти ман, Надорам ҷони бахшидан, пас аз мурдан чи суд омад? Магар аз дафтари айём номи меҳр ҳак гардид, Ки додар чун писаръам дар ҳақи ҷонам ҳасуд омад. Зи оби дидаи ушшоқ хубон обрӯ доранд, Қумоши ҳуснро, Ҳоҷӣ, аз ин ҷо тору пуд омад.