Бисмиламро болу пар аз хуни худ рангин нашуд.
Бисмиламро болу пар аз хуни худ рангин нашуд.
Рангҳо дар теғи қотил буд, аммо ин нашуд.
Ҳар куҷо чун соя вазъи саҷда пайдо кардаам,
То шавад аз нақши пойе ҷабҳаам гулчин, нашуд.
Дурбинӣ аҳли бинишро писанд афтодааст,
Мардумак оламтамошое шуду худбин нашуд.
Бе хаёли ростӣ раҳ дар бисоти қурб нест,
Фили каҷрафтор гоҳе пеши шаҳ фарзин нашуд.
Муҳтасибро гардан аз бори хиҷолат бишканад,
К-ин фасодандеша ҳаргиз дар салоҳи дин нашуд.
Байзаи ҳастӣ ба зери боли товуси фалак
Модаи анқо дамиду сурати шоҳин нашуд.
Доғам аз беҷо дамиданҳои оҳи беасар
Чун шарар, к-ин шуъларо раҳ бар дили сангин нашуд.
Бо суҳулат метавон тарзи сухан оғоз кард,
Аз ҷигар то хун наёмад, мисрае тазмин нашуд.
Ҷаҳдҳо бебаҳра ин ҷо аз ҳусули муддаост,
Кӯҳкан ҷон доду аммо маҳрами Ширин нашуд.
Илтиҷоҳо бас ки, Ҳоҷӣ, бо ғараз олуда буд,
Аз ҳазорон сад яке миннатбари омин нашуд.