Ин қадар омад баландӣ шуҳрат андар номи ноз,
Ин қадар омад баландӣ шуҳрат андар номи ноз,
Сабзаи хат медамад аз лаъли ӯ пайғоми ноз.
Наргис аз тарзи нигоҳи ӯ хиҷил афтодааст,
Аз кадомин шоҳ бошад, ё Раб, ин бодоми ноз?
То рамақ боқист, хотир моили ҷавлони ӯст,
Маҳшари мо низ бошад дар пайи эъломи ноз.
Дар гиребони хаёлам наргисистон хуфтааст,
Умрҳо аз ҷилваи ӯ кардам истифҳоми ноз.
Рутбаи эъҷози ҳуснаш то куҷо сар кардааст,
К-осмон чун моҳи нав дорад хами икроми ноз.
Бе тағофул як нигоҳи гарми ӯро кас надид,
Ҳусни ӯ з-оғози тифлӣ бастааст эҳроми ноз.
Гӯши гардун аз асарҳои ниёзи мо пур аст,
Ҳеч таъсире нашуд ӯро дар истеъломи ноз.
Ҳоҷӣ, дар ёди висоли моҳи бепарвои худ
Ҳолате дорам, ки натвонам шунид иброми ноз.