Шеърҳо бо теги: танҳоӣ
Шеърҳои марбут ба теги «танҳоӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Афсӯс, ки кас бохабар аз дардам нест,
Афсӯс, ки кас бохабар аз дардам нест, Огоҳ зи ҳоли чеҳраи зардам нест. Эй дӯст, барои дӯстиҳо, ки марост, Дарёб, ки то дарнигарӣ, гардам нест.
Дар кишвари ишқ ҷои осоиш нест,
Дар кишвари ишқ ҷои осоиш нест, Он ҷо ҳама коҳиш аст, афзоиш нест. Бе дарду алам таваққуъи дармон нест, Бе ҷурму гунаҳ умеди бахшоиш нест.
Дар сина касе, ки рози пинҳонаш нест,
Дар сина касе, ки рози пинҳонаш нест, Чун зинда намояд ӯ, вале ҷонаш нест. Рав, дард талаб, ки иллатат бедардист, Дардест, ки ҳеч гуна дармонаш нест.
Дардо, ки дар ин сӯзу гудозам кас нест,
Дардо, ки дар ин сӯзу гудозам кас нест, Ҳамроҳ дар ин роҳи дарозам кас нест. Дар қаъри дилам ҷавоҳири роз басест, Аммо чӣ кунам, маҳрами розам кас нест.
Мо ошиқу аҳди ҷони мо муштоқист,
Мо ошиқу аҳди ҷони мо муштоқист, Моем ба дарди ишқ, то ҷон боқист. Ғам нуқлу надим дарду мутриб нола, Май хуни ҷигар, мардуми чашмам соқист.
Ҷисмам ҳама ашк гашту чашмам бигирист,
Ҷисмам ҳама ашк гашту чашмам бигирист, Дар ишқи ту бе ҷисм ҳамебояд зист. Дар ман асаре намонд, ин ишқ зи чист? Чун ман ҳама маъшуқ шудам, ошиқ кист?
Бар мо дари васл баста медорад дӯст,
Бар мо дари васл баста медорад дӯст, Дилро ба фироқ хаста медорад дӯст. Минбаъд ману шикастагии дари дӯст, Чун дӯст дили шикаста медорад дӯст.
Дар дард шаке нест, ки дармоне ҳаст,
Дар дард шаке нест, ки дармоне ҳаст, Бо ишқ яқин аст, ки ҷононе ҳаст. Аҳволи ҷаҳон чу дам ба дам мегардад, Шак нест дар ин ҳол, ки гардоне ҳаст.
Дарде, ки зи ман ҷон биситонад, ин аст,
Дарде, ки зи ман ҷон биситонад, ин аст, Ишқе, ки касаш чора надонад, ин аст. Чашме, ки ҳамеша хун фишонад, ин аст, Он шаб, ки ба рӯзам нарасонад, ин аст.
Ишқи ту балои дили дарвеши ман аст,
Ишқи ту балои дили дарвеши ман аст, Бегона намешавад, магар хеши ман аст. Гуфтам, сафаре кунам, зи ғам бигрезам, Манзил-манзил ғами ту дар пеши ман аст.
Ишқам, ки ба ҳар рагам ғаме пайванд аст,
Ишқам, ки ба ҳар рагам ғаме пайванд аст, Дардам, ки дилам ба дард ҳоҷатманд аст. Сабрам, ки ба ком панҷаи шерам ҳаст, Шукрам, ки мудом хоҳишам хурсанд аст.
Эй дил, ғами ишқ аз барои ману туст,
Эй дил, ғами ишқ аз барои ману туст, Сар бар хати ӯ неҳ, ки сазои ману туст. Ту чошнии дард надонӣ, в-арна Як дам ғами дӯст хунбаҳои ману туст.
Гар субҳаи саддона шуморӣ, хуб аст,
Гар субҳаи саддона шуморӣ, хуб аст, В-ар ҷоми май аз каф нагузорӣ, хуб аст. Гуфтӣ: Чӣ кунам, чӣ тӯҳфа орам бари дӯст? Бе дард маё, ҳар он чи орӣ, хуб аст.
Ё раб, ғами он чи ғайри ту дар дили мост,
Ё раб, ғами он чи ғайри ту дар дили мост, Бардор, ки беҳосилӣ аз ҳосили мост. Алҳамд, ки чун ту раҳнамое дорем, К-аз гумшудагонем, ки ғам манзили мост.
Ғам ошиқи синаи балопарвари мост,
Ғам ошиқи синаи балопарвари мост, Хун дар дили орзу зи чашми тари мост. Ҳон ғайр, агар ҳарифи моӣ, пеш ой, К-алмос ба ҷои бода дар соғари мост.
Дӯзах шараре зи оташи синаи мост,
Дӯзах шараре зи оташи синаи мост, Ҷаннат асаре з-ин дили ганҷинаи мост. Фориғ зи биҳишту дӯзах, эй дил, хуш бош Бо дарду ғамаш, ки ёри деринаи мост.
Исёни халоиқ арчи саҳро-саҳрост,
Исёни халоиқ арчи саҳро-саҳрост, Дар пеши инояти ту як барги гиёст. Ҳарчанд гуноҳи мост киштӣ-киштӣ, Ғам нест, ки раҳмати ту дарё-дарёст.
Эй дил, чу фироқаш раги ҷон бикшудат,
Эй дил, чу фироқаш раги ҷон бикшудат, Манмой ба кас хирқаи хунолудат. Менол чунон, ки нашнаванд овозат, Месӯз чунон, ки барнаёяд дудат.
Шириндаҳане, ки аз лабаш ҷон мерехт,
Шириндаҳане, ки аз лабаш ҷон мерехт, Куфраш зи сари зулфи парешон мерехт. Гар шайх ба куфри зулфи ӯ раҳ мебурд, Хоки раҳи ӯ бар сари имон мерехт.
Ишқ омаду хоки меҳнатам бар сар рехт,
Ишқ омаду хоки меҳнатам бар сар рехт, З-он барқи бало ба хирманам ахгар рехт. Хун дар дилу решаи танам сӯхт чунон, К-аз дида ба ҷои ашк хокистар рехт.
Дишаб, ки дилам зи тоби ҳиҷрон месӯхт,
Дишаб, ки дилам зи тоби ҳиҷрон месӯхт, Ашкам ҳама дар дидаи гирён месӯхт. Месӯхтам ончунон, ки ғайр аз дилу ту Бар ман дили кофару мусулмон месӯхт.
То пои ту ранҷа гашту бо дард бисохт,
То пои ту ранҷа гашту бо дард бисохт, Мискин дили ранҷури ман аз дард гудохт. Гӯё ки зи рӯзгор дарде дорад, Ин дард, ки дар пои ту худро андохт.
Эй дӯст, даво фирист беморонро,
Эй дӯст, даво фирист беморонро, Рӯзӣ деҳ ҷинну инсу ҳам ёронро. Мо ташналабони водии ҳирмонем, Бар кишти умеди мо бидеҳ боронро.
Пурсидам аз ӯ воситаи ҳиҷронро,
Пурсидам аз ӯ воситаи ҳиҷронро, Гуфто: Сабабе ҳаст, бигӯям онро. Ман чашми туам, агар набинӣ, чӣ аҷаб, Ман ҷони туам, касе набинад ҷонро.
То чанд кашам ғуссаи ҳар нокасро,
То чанд кашам ғуссаи ҳар нокасро, В-аз хиссати худ хок шавам ҳар хасро. Корам ба дуо чу барнамеояд рост, Додам се талоқ ин фалаки атласро.