БАЪД АЗ НИМО
Бо мани бекаси танҳошуда, ёро, ту бимон,
Ҳама рафтанд аз ин хона, Худоро, ту бимон.
Мани бебарги хазондида дигар рафтаниам,
Ту ҳама бору барӣ, тозабаҳоро, ту бимон.
Доғу дард аст ҳама нақшу нигори дили ман,
Бингар ин нақши ба хун шуста, нигоро, ту бимон.
З-ин биёбон гузаре нест саворонро, лек
Дили мо хуш ба фиребест, ғуборо, ту бимон.
Ҳар дам аз ҳалқаи ушшоқ парешоне рафт,
Ба сари зулфи бутон, силсиладоро, ту бимон.
Шаҳриёро, ту бимон бар сари ин хайли ятим,
Падаро, ёро, андуҳгусоро, ту бимон.
Соя дар пои ту чун мавҷ чи хуш зор гирист,
Ки сари сабзи ту хуш бод, каноро, ту бимон.