Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

РОЙ ЗАДАНИ АФРОСИЁБ БО МЕҲТАРОН

Чу бугзашт ниме зи гардонсипеҳр, Дурахшанда хуршед бинмуд чеҳр, Бузургон ба даргоҳи шоҳ омаданд, Парастандаву бокулоҳ омаданд. Яке анҷуман сохт аз бихрадон, Ҳушивору корозмуда сарон. Бад-эшон чунин гуфт, к-«Аз рӯзгор Набинам ҳаме бар ҷуз аз корзор. Басе номдорон, ки бар дасти ман Табаҳ шуд ба ҷанг-андарун анҷуман. Басо шорсон гашт беморсон, Басо гулситон низ шуд хорсон. Басе роҳ, к-он размгоҳи ман аст, Ба ҳар сӯ нишони сипоҳи ман аст. Зи бедодии подшоҳи ҷаҳон Ҳама некуиҳо шавад дар ниҳон. Назояд ба ҳангом дар дашт гӯр, Шавад баччаи бозро дида кӯр. Бибуррад зи пистони нахчир шир, Шавад об дар чашмаи хеш қир. Шавад дар ҷаҳон чашмаи об хушк, Надорад ба нофа-дарун бӯй мушк. Зи кажжӣ гурезон шавад ростӣ, Падид ояд аз ҳар сӯе костӣ. Маро сер шуд дил зи ҷангу бадӣ, Ҳаме ҷуст хоҳам раҳи эзадӣ. Кунун донишу дод боз оварем, Ба ҷои ғаму ранҷ ноз оварем. Баросояд аз мо замоне ҷаҳон, Набояд, ки марг ояд аз ногаҳон. Ду баҳра ҷаҳон зери пои ман аст, Ба Эрону Турон сарои ман аст. Нигаҳ кун, ки чандин зи кундоварон Биёранд ҳар сол божи гарон. Гар эдун, ки бошед ҳамдостон, Ба Рустам фиристам яке достон. Дари оштӣ бо Сиёвахш низ Бикӯбам, фиристам зи ҳар гуна чиз.»