Се чиз карда муҳайё ба қатлам он бадхӯ:
Се чиз карда муҳайё ба қатлам он бадхӯ:
Карашма – теғу мижа – новаку камон абрӯ.
Туро, ки ҳаст се чиз аз се чиз нозуктар:
Даҳон зи ғунча, лаб аз барги гул, миён аз мӯ.
Ба чашму оразу гесӯ рабудаӣ се чиз:
Сиёҳӣ аз шабу нур аз маҳу рам аз оҳу.
Дилам ба вақти баҳорон се чиз мехоҳад:
Канори обу майи нобу соқии гулрӯ.
Се чиз бурда маро дил зи каф, хабар дорам:
Саводи зулфу баногӯшу ҳалқаи гесӯ.
Муҳаббати ту ба дил аз се чиз наздик аст:
Ба май зи нашъа, ба чашм аз нигаҳ, ба гул аз бӯ.
Се чиз дар чаман ошуфта карда аз се чиз:
Бунафша аз хату сунбул зи зулфу гул аз рӯ.
Парӣ ду чашми туро бо се чиз мехонад:
Яке макору дувум соҳиру севум ҷоду.