Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
П
Парии Ҳисорӣ

Миён аз мӯй, лаб аз барги гул нозуктар афтода,

Миён аз мӯй, лаб аз барги гул нозуктар афтода, Туро ҳар узв нозуктар зи узви дигар афтода. Ҳаё шуд аз арақ равшангари оинаи рӯят, Аз ин равған чароғи оразат равшантар афтода. Мапӯшон, офтобо, чеҳра аз баҳри Худо, як дам, Маро аз кокулат рӯзи сиёҳе бар сар афтода. Дамодам аз хиромат фитна ҷои гард мехезад, Ба боғи ҳусн сарве чун ту раъно камтар афтода. Рабудан нақди дилҳоро зи ҳар узви ту меояд, Саропоят чӣ зебо дилрабову дилбар афтода. Ҳаё бар оразат атру арақафшоние дорад, Ки ҷӯши шабнаме бар рӯи гулбарги тар афтода. Яман ҳарфе зи хотир ҷастаи ҳусни ту мебошад, Хутан бӯе зи чини кокулат берунтар афтода. Маро аз куштани заҳри тағофул нест парвое, Масеҳи нӯшдоруи лабат ҷонпарвар афтода. Чаро аз хона берун меравӣ, эй шӯхи шаҳрошӯб? Зи рафторат миёни шаҳр шӯри дигар афтода. Агар сарв аст, в-ар тӯбӣ, зи хиҷлат сар наяфрозад, Ҳама раъноқадон пеши қадат аз по дарафтода. Намуд аз шавқ иншо баски ҳусни рӯи гулрӯе, Ба девони Парӣ, з-он ин ғазал гулбарсар афтода.