Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
П
Парии Ҳисорӣ

На сарв пеши қади ту нишаста истода,

На сарв пеши қади ту нишаста истода, Лаб аз ҳаёи лабат ғунча баста истода. Ба чини зулфи ту нозам, ҳазор чинии дил Шикаста баставу баста шикаста истода. Ба ҳар нигоҳ зи чашми ту дар дили зоҳид Ҳазор риштаи тақво гусаста истода. Парӣ, мусолиҳакор аст қотили бебок, Ҳазор ҳамчу мани хаста баста истода.