Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
П
Парии Ҳисорӣ

На ҳамин захм зи мижгони ҷафоҷӯ рафта,

На ҳамин захм зи мижгони ҷафоҷӯ рафта, Фитнаҳо дар дил аз он наргиси ҷоду рафта. Ҳеҷ кас рамзи муаммои даҳонаш нашикофт, Бо вуҷуде, ки суханҳо ба сари мӯ рафта. На ба осонӣ расидаст бар он каъбаи рӯ, Зулф гоҳе ба сару гоҳ ба паҳлӯ рафта. Роҳаш афтод ба майхона қазоро зоҳид, Яксар аз хотираш андешаи минӯ рафта. Қурби оташ ба ҳама печ расонад мӯро, Зулф дар тоб зи наздикии он рӯ рафта. Сарви ин боғ дар оғӯши кӣ пинҳон гардид? Қумрӣ аз роҳи талаб аз паи ку-ку рафта. Нуқтаи холи ту дар зулмати хат гашт ниҳон, Лашкари занг фурӯ омада, ҳинду рафта. Нарасидему давидем ба кӯяш чандон, Суда шуд пой ба ҳадде, ки ба зону рафта. Ба ту аз чашми Парӣ ашк на танҳост равон, Нолаҳо дар дили шаб аз буни ҳар мӯ рафта.