Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Гар ба хуни муштоқон теғи ӯ кашад гардан,

Гар ба хуни муштоқон теғи ӯ кашад гардан, То қиёмат аз сарҳо ҷойи мӯ дамад гардан. Мавҷҳо нафас дуздид, то гуҳар ба арз омад, Кардаам саре таъмир аз шикасти сад гардан. Ҳирси афсаророӣ сар ба санг мекӯбад, Саҷда муфти роҳатҳо, гар кунад мадад гардан. Ҳар чӣ дорад ин мазраъ, баргу сози таслим аст, Тухм медамонад сар, реша медавад гардан. Интихоби ин маслах қитъаҳои ҳамворест, Пушту сина то бошад, кас намехарад гардан. Коргоҳи истеъдод мекунад чиҳо эҷод?! Хок ҷабҳа мебандад, шуъла мекашад гардан. Зоҳид, аз чунин дастор дасти офият бардор, Хоҳадат шикаст охир зери ин сабад гардан. Эй ваболи пайдоӣ, ҳастӣ асту расвоӣ, Аз ту чанд бардорад бори неку бад гардан? Роҳи офият пӯйӣ, рахши худсарӣ пай кун Манзилат сари дор аст, гар шавад балад гардан. Гул қиёмати чидан дар шукуфтагӣ дорад, Ғунча гарду эмин бош, ханда мезанад гардан. Саркашон дами ифлос рӯ ба нақши по доранд, Ҳар қадар тиҳӣ гардад, шиша хам кунад гардан. Халқ мекашад яксар ранҷ дархури тоқат, То саре зи дӯш афтад, кош, бишканад гардан. Хоки мо сари мӯе аз замин намеболид, Ё Раб, аз куҷо овард ин ҳазор қад гардан? Теғ бар каф истодаст сарсари аҷал, Бедил, Ҳамчу шамъ дар ҳар ҷо сар бароварад гардан.