Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Рафтиву дил зи ҳаҷри ту бо сӯзу оҳ монд,

Рафтиву дил зи ҳаҷри ту бо сӯзу оҳ монд, Дида дар интизори қудумат ба роҳ монд. Рафтӣ кулаҳ ниҳода каҷ аз нозу дар раҳат Бар ҳар нишони по сари сад каҷкулоҳ монд. Рафтиву бе ҷамоли ту вайронаи маро На рӯз тоби меҳру на шаб нури моҳ монд. Аз меҳру ҳарчи рӯшанӣ онро, ки бе рухат, Дар пеши дида парда зи бахти сиёҳ монд. Қадат ниҳода бар сари Тубо қадам зи қадр, Сарви баланд пой ба фарқи гиёҳ монд. Ҷуз пойбӯси сарви баландат ҳавас надошт, Ҳар тоҷвар, ки по ба сари тахти ҷоҳ монд. Ҷомӣ, чӣ ғам, ки монд зи кор инчунин к-аз ӯ Сад нақши дилпазир дар ин коргоҳ монд.