Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Қад роқани ҷамолука ё рокиб ал ҷамал,

Қад роқани ҷамолука ё рокиб ал ҷамал, Инзил фаина ҳуббак бил қалби қад вассал. Васфи ту чун кунем, ки дар ояти рухат Ҳуснест ло язолу ҷамолест лам язал. Гуфтӣ ба дил нишон ба дили ман касе дигар, Биншин ба дил, ки нест туро дигаре бадал. Соқии мо ту шав, ки зи дасти ту медиҳад Хосияти ҳаёти абад шарбати аҷал. Сели ҷафоят ар биканад бехи ҳастиям, Ҳошо, ки дар асоси вафоям фитад халал. Ҷомӣ, ба пои хум чу фитодӣ зи ҷо маҷунб, Дигар ки ин касал бувад аҳлӣ минал асал.