Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

ШӮРИШИ ВОСЕЪ

ПАРДАИ I Намоиши якум Ховалинг – қишлоқи Мухтор. Воқеа дар ҳавлии Восеъ мегузарад. Ин ҳавлии камбағалона дар яке аз зеботарин доманаҳои кӯҳистон воқеъ шудааст. Гулъизор Ёр аз дили ман хабар надорад, Е сӯзи дилам шарар надорад; Ё гӯши нигори ман гарон аст, Е нолаи ман асар надорад; Ё мазрааи мурод хушк аст, Ё гиряи ман самар надорад; Е рӯзи фироқ тирагун аст, Ё шоми ғамам саҳар надорад. Аноргул Гулъизор, оҳ, духтари сарсахт! Кай дар ин давра мешавӣ хушбахт? Гулъизор Ё майли гузори ӯ ба сар нест, Ё бар сари ман гузар надорад! Ё васли ту толеи башар нест, Ё толеи ман ҳунар надорад; Ё мавсими сабри ман хазон шуд: Ё боғи умед бар надорад; (Назир медарояд) Ҳа, Назир, ин қадар парешонӣ? Ошиқи беқарора мемонӣ! Назир «Гаштам, санамо, дар орзӯят, Ошуфтаву тирадил чу мӯят, Ҳарчанд намерасам ба кӯят, Шаб нест, ки аз фироқи рӯят Зорӣ ба фалак намерасонам. Гар сар бибурӣ ба теғи тезам, Аз кӯи вафот барнахезам! В-ар з-он ки кунанд рез-резам, Ман муҳраи меҳри ту нарезам, Илло, ки бирезад устухонам».