Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

ЁД ОР

Мо қиссаи дил ҷуз ба бари ёр набурдем В-аз ёр шикоят сӯи ағёр набурдем. Маълум нашуд сидқи дилу сирри муҳаббат, То ин сари савдозада бар дор набурдем. Моро чӣ ғами суду зиён аст, ки ҳаргиз, Савдои туро бар сари бозор набурдем. Бо ҳуснфурӯшон биҳил ин гармии бозор, Мо Юсуфи худро ба харидор набурдем. Эй дӯст, ки он субҳи дилафрӯз хушат бод, Ёд ор, ки мо ҷон зи шаби тор набурдем. Сарсабзии он хирмани гул бод, агарчанд Аз боғи ту ҷуз сарзаниши хор набурдем. Берангиам аз чашми ту андохт, агар на Кай хуни диле буд, ки дар кор набурдем?! То равшании чашму дили Соя аз он рӯст, Аз оинае миннати дидор набурдем.