Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

ОГОҲӢ ЁФТАНИ ФАРИДУН АЗ КУШТА ШУДАНИ ЭРАҶ

Фаридун ниҳода ду дида ба роҳ, Сипоҳу кулоҳ орзуманди шоҳ. Чу ҳангоми баргаштани шоҳ буд, Падар з-он сухан худ кай огоҳ буд. Ҳаме шоҳро тахти пирӯза сохт, Ҳамон тоҷро гавҳар - андар нишохт. Пазира шуданро биёростанд, Маю руду ромишгарон хостанд. Табира бибурданд пил аз дараш, Бубастанд озин ҳама кишвараш. Бад-ин андарун буд шоҳу сипоҳ, Яке гарди тира баромад зи роҳ. Ҳаюне бурун омад аз тира гард, Нишаста бар ӯ-бар саворе ба дард. Хурӯше баромад аз он сӯгвор, Яке зарртобуташ андар канор. Ба тобути зар - андарун парниён Ниҳода сари Эраҷ андар миён. Або нолаву оҳу бо рӯи зард Ба пеши Фаридун шуд он некмард. Зи тобути зар тахта бардоштанд, Ки гуфтори ӯ хира пиндоштанд. Зи тобут чун парниён баркашид, Бурида сари Эраҷ омад падид. Бияфтод аз асп Офаридун ба хок, Сипаҳ сар ба сар ҷома карданд чок. Сияҳ шуд рухон, дидагон шуд сапед, Ки дидан дигаргуна буд аз умед. Чу хусрав аз ин гуна омад зи роҳ, Чунин боз гашт аз пазира сипоҳ. Дарида дурафшу нагун карда кӯс, Рухи номдорон шуда обнӯс. Табира сияҳ кардаву рӯи пил, Пароганда бар тозиаспон-ш нил. Пиёда сипаҳбад, пиёда сипоҳ, Пур аз хок сар, баргирифтанд роҳ. Хурӯшидани паҳлавонон ба зард, Канон гушти бозӯ бар он зодмард.