Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Набуд нуқтае аз илми ин китоб ғалат,

Набуд нуқтае аз илми ин китоб ғалат, Шуури ноқиси мо кард интихоб ғалат. Фиреби зиндагӣ аз шӯхии нафас нахурӣ, Ки теғро накунад кас ба мавҷи об ғалат. Шикасти шиша ба чашмат бисоти ишрат чид, Зи ранги бохта кардӣ ба моҳтоб ғалат. Румузи вазъи ҷаҳонро касе чӣ дарёбад? Ки халқ кӯрсавод асту ин китоб ғалат. Руҷӯъи асл хато мебарад зи тинати фаръ, Гирифтан аст зи сар, чун шавад ҳисоб ғалат. Ҷаҳон зи ҷӯши ғубори ман он қадар ошуфт, Ки роҳи хонаи худ кард офтоб ғалат. Надошт оинае мавҷу об ғайри муҳит, Ба ҷилва хӯрдам аз андешаи ниқоб ғалат. Буруни доира марказ чӣ обрӯ дорад? Набаст ишқ сарамро ба он рикоб ғалат. Ба фарқи ҳосили ин дашт хок мебоист, Арақ зи оинаи саъй рехт об ғалат. Ба хоб дидамат имшаб, ки дар канори манӣ, Агар ғалат накунам, нест ҳукми хоб ғалат. Зи қатра қатра аён диду аз муҳит муҳит, Накард фитрати Бедил ба ҳеҷ боб ғалат.