Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

ГИРИФТОР ШУДАНИ НӮЗАР БА ДАСТИ АФРОСИЁБ

Чу бишнид Нӯзар, ки Қоран бирафт, Дамон аз пасаш рӯй бинҳод тафт. Ҳаметохт, к-аз рӯзи бад бигзарад, Сипеҳраш магар зери пай наспарад. Чу Афросиёб огаҳӣ ёфт з-ӯй, Ки сӯи биёбон ниҳодаст рӯй, Сипаҳ анҷуман карду пӯён бирафт, Чу шер аз пасаш рӯй бинҳод тафт. Чу танг андар омад паси шаҳрёр, Ҳамаш тохтан диду ҳам корзор. Бар он сон ки омад, ҳамеҷуст роҳ, Ки то бесар орад саре бо кулоҳ. Шаби тира то шуд баланд офтоб, Ҳаме гашт бо Нӯзар Афросиёб. Зи гарди далерон ҷаҳон тор шуд, Саранҷом Нӯзар гирифтор шуд. Худу номдорон ҳазору дувист, Ту гуфтӣ, ки-шон бар ҷаҳон ҷой нест. Басе роҳ ҷустанду бигрехтанд, Ба доми бало - дар биёвехтанд. Чунон лашкареро гирифта ба банд, Биёвард бо шаҳрёри баланд. Агар бо ту гардун нишинад ба роз, Наёбӣ ҳам аз гардиши ӯ ҷавоз. Ҳам ӯ тоҷу тахту баландӣ диҳад, Ҳам ӯ тирагиву нажандӣ диҳад. Ба душман ҳамемонад ӯ ҳам ба дӯст, Аз ӯ мағз ёбӣ гаҳе, гоҳ пӯст, Ки гетӣ яке нағз бозигар аст, Ки ҳар дам варо бозии дигар аст. Сарат гар бисояд бар абри сиёҳ, Саранҷом хок аст аз ӯ ҷойгоҳ. В-аз он пас бифармуд Афросиёб, Ки аз ғору кӯҳу биёбону об Биҷӯед, то Қорани размзан Раҳоӣ наёбад аз он анҷуман. Чу бишнид, к-ӯ пеш аз ин рафта буд, Зи кори шабистон дилошуфта буд.