КУШТА ЁФТАНИ ВИСА ПИСАРИ ХУДРО
Бишуд Виса солори туронсипоҳ
Або номвар лашкари размхоҳ.
Аз он пештар, к-ӯ ба Қоран расид,
Гиромишро кушта афканда дид.
Дарида дурафшу нагунсор кӯс,
Чу лола кафан, рӯй чун сандарӯс.
Далерону гурдони туронсипоҳ
Басе низ бо ӯ фиканда ба роҳ.
Чу Виса чунон дид, ғамнок шуд,
Дилаш, гуфтӣ, аз ғам ба ду чок шуд.
Биборид аз дидагон оби нарм,
Паси Қоран андар ҳаме ронд гарм,
Давон гашта Виса чу оби равон,
Фитода аз ӯ шӯр андар ҷаҳон.
Зи Виса ба Қоран расид огаҳӣ,
Ки омад ба фирӯзиву фарраҳӣ.
Саворони тозӣ сӯи Нимрӯз
Гусӣ карду худ рафт гетифурӯз.
Чу аз Порс Қоран ба ҳомун расид,
Зи дасти чапаш гарде омад падид.
Зи гард андаромад дурафши сиёҳ,
Сипаҳдори туркон ба пеши сипоҳ
Рада баркашиданд аз ҳарду рӯй,
Бирафтанд гурдони пархошҷӯй.
Зи қалби сипаҳ Виса овоз дод,
Ки «Шуд тоҷу тахти бузургӣ ба бод.
Зи Қаннуҷ то марзи Кобулситон,
Ҳамон низ Ғазнину Зобулситон
Ҳама сар ба сар пок дар чанги мост,
Бар айвонҳо нақши авранги мост.
Куҷо ёфт хоҳӣ ту оромгоҳ,
Аз он пас куҷо шуд гирифтор шоҳ?»
Чунин дод посух, ки «Ман Қоранам,
Гилем андар оби равон афканам
На аз бим рафтам, на аз гуфтугӯй,
Ба сӯи писар-т омадам ҷангҷӯй.
Чу аз кини ӯ дил бипардохтам,
Кунун кину ҷанги туро сохтам.