Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

ДАСТИ МОДАР

Бо ҳамон дасте, ки чодар сӯхтӣ, Гулхани шаъну шараф афрӯхтӣ, Бо ҳамон дасте, ки боғ оростӣ, Кишвари гул-гул шукуфон хостӣ, Бо ҳамон дасте, ки манзил сохтӣ, Қасрҳову кӯшкҳо андохтӣ, Бо ҳамон дасте, ки дар рӯи замин Бахтро кардӣ ба фарзандат қарин, Бо ҳамон дасте, ки кардӣ интихоб Дилпурона давлати олиҷаноб, Бо ҳамон дасте, ки шабҳои дароз, Чашми шаҳло карда во аз хоби ноз, Аллагӯён тифлро хобондаӣ, То саҳар гаҳворааш ҷунбондаӣ, Бо ҳамон дасте, ки ширам додаӣ, Сӯям оғӯшат калон бикшодаӣ, Бо ҳамон дасте, ки дастам доштӣ, Дасти шафқат бар сарам бигзоштӣ, Бо ҳамон дасте, ки шодам борҳо Пок кардӣ ашки чашмони маро, Бо ҳамон дасте, ки гул бӯ кардаӣ, Шонаро бар кокулу мӯ кардаӣ, Сӯи фатҳи тоза кун аз сидқи дил Кафзанон фарзандҳоятро гусел!