ПУРСИДАНИ ФАРИДУН НАЖОДИ ХУДРО АЗ МОДАР
Чу бугзашт бар Офаридун ду ҳашт,
Зи Албурзкӯҳ андаромад ба дашт.
Бари модар омад пижӯҳиду гуфт,
Ки «Букшой бар ман ниҳон аз нуҳуфт.
Бигӯ мар маро, то кӣ будам падар?
Киям ман, ба тухм аз кадомин гуҳар?!
Чӣ гӯям, киям бар сари анҷуман?
Яке донишӣ достоне бизан».
Фаронак бад-ӯ гуфт, к-«Эй номҷӯй,
Бигӯям туро, ҳарчӣ гуфтӣ, бигӯй.
Ту бишнос, к-аз марзи Эронзамин
Яке мард буд номи ӯ Обтин.
Зи тухми каён буду бедор буд,
Хирадманду гурду беозор буд.
Зи Таҳмураси гурд будаш нажод,
Падар бар падар-бар ҳаме дошт ёд.
Падар буд туро, мар маро нек шӯй,
Набуд рӯз равшан маро ҷуз бад-ӯй.
Чунон буд, ки Заҳҳоки ҷодупараст
Аз Эрон ба ҷони ту ёзид даст.
Аз ӯ ман ниҳонат ҳамедоштам,
Чӣ моя ба бад рӯз бигзоштам.
Падар-т он гаронмоя марди ҷавон
Фидо кард пеши ту ширин равон.
Абар китфи Заҳҳоки ҷоду ду мор
Бирусту баровард аз Эрон димор.
Сари бобат аз мағз пардохтанд,
Мар он аждаҳоро хуриш сохтанд.
Саранҷом рафтам сӯи бешае,
Ки касро набуд эч андешае.
Яке гов дидам чу хуррам баҳор,
Саропои ӯ пур зи рангу нигор.
Нигаҳбони ӯ пой карда ба каш,
Нишаста ба пеш - андарун шоҳфаш.
Бад-ӯ додамат рӯзгори дароз,
Ҳаме парваридат ба бар-бар ба ноз.
Зи пистони он гови товусранг
Барафрохтӣ чун диловар наҳанг.