Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Дидор менамоию парҳез мекунӣ

Дидор менамоию парҳез мекунӣ, Бозори хешу оташи мо тез мекунӣ. Гар хуни дил хурӣ, фараҳафзой мехурӣ, В-ар қасди ҷон кунӣ, тарабангез мекунӣ. Бар талхъайшии ман агар ханда оядат, Шояд ки хандаи шакаромез мекунӣ. Ҳайрони дасту дашнаи зебот мондаам, К-оҳанги хуни ман чӣ диловез мекунӣ. Саъдӣ, гулат шукуфт ҳамоно, ки субҳдам Фарёди булбулони саҳархез мекунӣ.