Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

ДАР ФИТНАИ РАСТОХЕЗ

Канори амн куҷо, киштии шикаста куҷо? Куҷо гурезам аз ин ҷо, ба пои баста куҷо? Зи бому дар ҳама ҷо санги фитна меборад, Куҷо ба дар барамат, эй дили шикаста, куҷо? Фурӯ гузошт дил он бодбон, ки меафрошт, Хаёли баҳр куҷо, ин ба гил нишаста куҷо? Чунин ки ҳар қадаме ҳамраҳе фурӯ афтод, Ба манзиле расад ин корвони хаста куҷо? Дило, ҳикояти хокистару шарора мапурс, Ба бод рафта куҷову чу барқ ҷаста куҷо? Хуш он замон, ки сарам дар паноҳи боли ту буд, Куҷо биҷӯямат, эй тоири хуҷаста, куҷо? Чӣ айши хуш зи дили пора-пора меҷӯӣ, Нишоти нағма куҷо, чанги заҳгусаста куҷо? Бипурс, Соя, зи мурғони ошёнбарбод, Ки мераванд аз ин боғ даста-даста куҷо?