Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

ДИДАНИ СИЁВУШ АФРОСИЁБРО

Чу шуд назди Афросиёб огаҳӣ, Ки омад Сиёвахш бо фарраҳӣ, Пиёда ба кӯй омад Афросиёб, Аз айвон миёнбаставу пуршитоб. Сиёвуш чу ӯро пиёда бидид, Фуруд омад аз аспу пешаш давид. Гирифтанд мар якдигарро ба бар, Ҳаме бӯса доданд бар чашму сар. Аз он пас чунин гуфт Афросиёб, Ки «Бад дар ҷаҳон андаромад ба хоб. Аз ин пас на ошӯб хезад, на ҷанг Ба обишхӯр ояд гавазну паланг. Барошуфт гетӣ зи Тури далер, Кунун рӯи кишвар шуд аз ҷанг сер. Ду кишвар ҳамеша пур аз шӯр буд, Ҷаҳонро дил аз оштӣ дур буд. Ба ту ром гардад замона кунун, Баросояд аз ҷанг в-аз ҷӯши хун. Кунун шаҳри Турон туро бандаанд, Ҳама дил ба меҳри ту огандаанд. Маро то тану ҷон ҳама пеши туст, Сипаҳдор Пирон ба тан хеши туст. Падарвор пеши ту меҳр оварам, Ҳамеша пур аз ханда чеҳр оварам.» Сиёвуш бад-ӯ офарин кард сахт, Ки «Аз гавҳари ту магардод бахт!» Сипос аз Худованди ҷонофарин, К-аз ӯяст орому пархошу кин. Сипаҳдор дасти Сиёвуш ба даст Биёмад ба тахти меҳӣ барнишаст. Ба рӯи Сиёвуш нигаҳ карду гуфт, Ки «Инро ба гетӣ наёбанд ҷуфт. На з-ин гуна мардум бувад дар ҷаҳон Чунин рӯю болову фарри меҳон.» В-аз он пас ба Пирон чунин гуфт рад, Ки «Ковус пир асту андакхирад, Ки бишкебад аз рӯи чунин писар, Бад-ин бурзу болову чандин ҳунар.