Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

БОҒИ МО

Баҳра бардоред, ёрон, аз насими боғи мо, Аз ҳавои софи чун бахмал ҳалими боғи мо. Чун гирифтам аз ҳавои рӯи дунё ман нафас, Нест гуфтам беҳтар аз боди ҳакими боғи мо. Боғи колхозии моро боғи бемонанд кард Боғбон – марди ҳунарманди карими боғи мо. Аз барои сайри мурғони хушилҳони чаман Зинати олам муҳайё дар ҳарими боғи мо. Боғи нав бо дасти мо ободу зебо гаштааст, Хира шуд дар назди ӯ шаъни қадими боғи мо. Боғи мо як умр пурбор асту сабзу хуррам аст, Ҳаст эмин боғбон аз хавфу бими боғи мо.