БА ЗАНӢ ХОСТАНИ КОВУС СУДОБА ДУХТАРИ ШОҲИ ҲОМОВАРОНРО
В-аз он пас ба Ковус гӯянда гуфт,
Ки ӯ духтаре дорад андар нуҳуфт,
Ки аз сарв болош зеботар аст,
Зи мушки сияҳ бар сараш афсар аст.
Ба боло баланду ба гесӯ каманд,
Забонаш чу ханҷар, лабонаш чу қанд.
Биҳиштест ороста пурнигор,
Чу хуршеди тобон ба хуррамбаҳор.
Нашояд, ки бошад ҷуз ӯ ҷуфти шоҳ,
Чӣ неку бувад шоҳро ҷуфт моҳ.
Биҷунбид Ковусро дил зи ҷой,
Чунин дод посух, ки нек аст рой.
Ман ӯро кунам аз падар хостор,
Ки зебад ба мушкӯи мо он нигор.
Гузин кард шоҳ аз миёни гурӯҳ
Яке марди бедори донишпижӯҳ.
Гаронмояаш наслу мағзаш гарон,
Бифармуд, то шуд ба Ҳомоварон.
Чунин гуфт, к-ӯро ба ман тоза кун,
Биёрой мағзаш ба ширин сухун.
Бигӯяш, ки пайванди ман дар ҷаҳон
Биҷӯянд корозмуда меҳон,
Ки хуршед равшан зи тоҷи ман аст,
Замин пояи тахти оҷи ман аст.
Ҳар он кас, ки дар сояи ман паноҳ
Наёбад, аз ӯ кам шавад пойгоҳ.
Кунун бо ту пайванд ҷӯям ҳаме,
Рухи оштиро бишӯям ҳаме.
Паси пардаи ту яке духтар аст,
Шунидам, ки тахти маро дар(х)ар аст,
Ки покизачеҳр асту покизатан,
Ситуда ба ҳар шаҳру ҳар анҷуман.
Ту домод ёбӣ чу пури Қубод,
Чунон дон, ки хуршед доди ту дод.
Бишуд марди бедори чиразабон
Ба наздики солори Ҳомоварон.
Забон кард гӯёву дил кард гарм,
Биёрост лабро ба гуфтори нарм.