Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

ОЗОД

Духтаре хобида дар маҳтоб, Чун гули нилуфаре бар об, Хоб мебинад, Хоб мебинад, ки бемор аст дилдораш В-ин сияҳруъё шикеб аз чашми бемораш. Боз мечинад, Менишинад хастадил дар домани маҳтоб, Чун шикаста бодбони заврақе бар об. Мекунад андеша бо худ, Аз чӣ кӯшидам ба озораш? В-аз пушаймонӣ саркаше гарм, Медурахшад дар нигоҳи чашми бедораш, Рӯзи дигар, Боз чун дилдода мемонад ба роҳи ӯ, Рӯй метобад зи дидораш. Мегурезад аз нигоҳи ӯ, Боз мекӯшад ба озораш.