Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Ҷавлони ҷунун охир бар аҷзи расо бастам,

Ҷавлони ҷунун охир бар аҷзи расо бастам, Чун реги равон имрӯз бар обила по бастам. Ҳар кас зи гули ин боғ оини дигар мебаст, Ман даст ба ҳам судам, ранге зи ҳино бастам. Бо кулфати дил бояд то марг ба сар бурдан, Дар роҳи нафас, ё Раб, оина чаро бастам? Дар кеши ҳаё нанг аст аз ғайр мадад ҷустан, Бархостам аз ғайрат, гар каф ба асо бастам. Ин анҷуман аз шӯхӣ сад ранг иборат дошт, Чашм аз ҳама пӯшидам, мазмуни ҳаё бастам. Шабнам ба саҳар пайваст, аз хиҷлати пастӣ раст, Он дил ки ҳавоӣ буд, бозаш ба ҳаво бастам. Бахти сияҳе дорам, к-аз сояи иқболаш Ҳар чиз сиёҳӣ кард, бар боли ҳумо бастам. Чун субҳа зи зуннорам имкони раҳоӣ нест, Ё Раб, мани саргардон худро ба куҷо бастам? Ҳангомаи ваҳме чанд аз содагиям гул кард, Тимсол ба ёд омад, туҳмат ба сафо бастам. Мақсуд зи асбобам бардоштани дил буд, Азбаски гаронӣ дошт, бар дасти дуо бастам. Бар дил чу гуҳар хондам афсонаи озодӣ, Ин уқда ба сад афсун аз ришта ҷудо бастам. Бедил, чӣ қадар сеҳр аст, к-аз ҳастии беҳосил Бар хок нафас чидам, бар сурма садо бастам.