ГУЗИДАНИ СӮҲРОБ АСПРО
Ба модар чунин гуфт Сӯҳроби гурд,
Ки «Акнун бубинӣ зи ман дастбурд.
Яке асп бояд маро гомзан,
Суми ӯ зи пӯлоди хорошикан.
Чу пилон ба зӯру чу мурғон ба пар,
Чу моҳӣ ба дарё, чу оҳу ба барр.
Кӣ баргирад ин гурзу кӯполи ман,
Ҳамин паҳлавонӣ бару ёли ман?
Пиёда нашояд шудан ҷангҷӯй,
Чу бо хасм рӯ андарорам ба рӯй.»
Чу бишнид модар чунин аз писар,
Ба хуршеди тобон баровард сар.
Ба чӯпон бифармуд, то ҳар чи буд,
Фасила биёрад ба кирдори дуд,
Ки Сӯҳроб аспе ба чанг оварад,
Ки бар вай нишинад, чу ҷанг оварад.
Ҳама ҳар чи буданд аспон гала,
Ки будӣ ба кӯҳу ба саҳро яла,
Ба шаҳр овариданд, Сӯҳроби шер
Каманде гирифту биёмад далер.
Ҳар аспе, ки дидӣ ба нерӯю ёл,
Фикандӣ ба гардан-ш хамми дувол.
Ниҳодӣ бар ӯ дастро озмун,
Шикам бар замин барниҳодӣ ҳаюн.
Ба зӯраш басе аспи зебо шикаст,
Наёмад-ш шоиста аспе ба даст.
Набуд ҳеч аспе сазовори ӯй,
Бибуд тангдил он гави номҷӯй.
Саранҷом гурде аз он анҷуман
Биёмад ба наздики он пилтан,
Ки дорам яке курра, Рахшаш нажод,
Ба нерӯ чу шеру ба рафтан чу бод.
Яке курра чун кӯҳу водисипар,
Ба саҳро бипӯяд чу мурғе ба пар.
Ба зӯру ба рафтан ба кирдори ҳур,
Надидаст кас ҳамчунон тез бӯр.
Зи захми сумаш говмоҳӣ сутӯҳ,
Ба ҷастан чу барқу ба ҳайкал чу кӯҳ.